Ман аз ин фосилаи дур туро ёфтаам,
Дар шаби тор чу як нур туро ёфтаам.
Мисли вайрона буд ин умр бароям ҳама сол,
Мисли як хонаи маъмур туро ёфтаам.
Дар назар буд марои охири роҳи сафарам,
Охир, эй охири пуршур, туро ёфтаам.
Ҳар даме марги азизе зи дилам мегузарад,
Лек эй шодии садсур, туро ёфтаам.
Бекасӣ гӯр, ту, ҷон з — омаданат зинда шудам,
Як қадам берун аз ин гӯр туро ёфтаам.
Кашф гардид, ки такрорнаояндаӣ ту,
Шуда дар ишқи ту машҳур, туро ёфтаам.
Хонабардуши ғами зиндагии танҳоям,
Мисли як хонаи маъмур туро ёфтаам.
Фозил Муқимзода
Дар шаби тор чу як нур туро ёфтаам.
Мисли вайрона буд ин умр бароям ҳама сол,
Мисли як хонаи маъмур туро ёфтаам.
Дар назар буд марои охири роҳи сафарам,
Охир, эй охири пуршур, туро ёфтаам.
Ҳар даме марги азизе зи дилам мегузарад,
Лек эй шодии садсур, туро ёфтаам.
Бекасӣ гӯр, ту, ҷон з — омаданат зинда шудам,
Як қадам берун аз ин гӯр туро ёфтаам.
Кашф гардид, ки такрорнаояндаӣ ту,
Шуда дар ишқи ту машҳур, туро ёфтаам.
Хонабардуши ғами зиндагии танҳоям,
Мисли як хонаи маъмур туро ёфтаам.
Фозил Муқимзода